Бозии реал мадрид


ВАРЗИШ ТВ - “Реал Мадрид”

“Реал Мадрид” - барандаи Суперҷоми Испания (ВИДЕО)

1219 | 17.08.2017

“Реал Мадрид” - барандаи Суперҷоми Испания (ВИДЕО)

Бошгоҳи футболи “Реал Мадрид” дар бозии ҷавобӣ ҳам бар муқобили “Барселона” пирӯз омад ва Суперҷоми Испанияро моли худ кард. Барои шогирдони Зинедин Зидан ин дуюмин дастовард дар мавсими ҷорӣ ба шумор меравад. Дастаи “Реал” дар бозии ҷавобии  Суперҷоми Испания бар муқобили тими “Барселона” бо ҳисоби 2:0 даст ёфт ва барандаи ҷоизаи мазкур гардид.  Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи «Сантяго Бернабеу» бидуни иштироки ҳуҷумкунандаи муваффақи “гаразмониҳо”  Криштиану Роналду сурат гирифт. Бо вуҷуди ин ҳам дастпарварони Зинедин Зидан ба дарвозаи нилунориҳо ду голи беҷавоб заданд. Марко Асенсио ба зуди дарвозаи ҳарифонро рахна сохта, пешсафии соҳибони заминро таъмин намуд. Пеш аз анҷоми қисми аввали дидор бошад, як голи дигарро Карим Бензема таслими тури дарвозаи “Барселона” кард. Ҳамин тариқ дастаи “Реал” барандаи 10 каратаи Суперҷоми Испания гардид. Пеш аз ин тими шоҳона соли 2012 ба дарёфти ин ҷоиза даст ёфта буд. Аммо “Барслеона” то кунун дар бурди Суперҷоми кишвар пешсаф мебошад. Нилунориҳо 12 маротиба соҳиби ин ҷоиза шудаанд.

Суперҷоми Испания. Бозии ҷавобӣ

Реал Мадрид – Барселона 2:0 (2:0, 0:0)

Голҳо: 1:0 – 4 Асенсио, 2:0 – 39 Бензема.

Реал Мадрид –   Навас, Варан, Марсело, Карвахал, Рамос, Кроос (Себалос, 80), Ковачич (Каземиро, 62), Асенсио (Тео, 75), Модрич, Васкес, Бензема.

Барселона – тер Стеген, Пике (Нелсон Семеду, 50), Умтити, Алба (Дин, 78), Маскерано, Ракитич, Сержи Роберто, Андре Гомеш (Деулофеу, 72), Бускетс, Месси, Суарес

  

varzishtv.tj

ВАРЗИШ ТВ - “Реал Мадрид” айши “Барселона”-ро талх кард (ВИДЕО)

“Реал Мадрид” айши “Барселона”-ро талх кард (ВИДЕО)

2006 | 14.08.2017

“Реал Мадрид” айши “Барселона”-ро талх кард (ВИДЕО)

Дар бозии аввали Суперҷоми Испания «Реал»  дар варзишгоҳи «Камп Ноу» дар ҳузури мухлисони сершумор бо тими «Барселона» андари майдони рақобат шуд.   Аз ибтидо   футболбозони пойтахти Испания “Реал Мадрид” кӯшиш ба харҷ дод то нилунориҳоро дар замини худашон сарафканда созанд.  Тамоми голҳо дар нимаи дуюми бозӣ воқеъ шуданд.  Дар дақиқаи 50-уми вохӯрӣ муҳофизатгари “Реал Мадрид” Марсело аз кунҷи майдон зимни ҳамла тӯбро ба самти майдончаи ҷаримавии дарвозабони соҳибони замин ирсол намуд. Дар ин вазъи тезу тунд ҳимоятгари марказии “Барселона”  Херард Пике иштибоҳан тӯбро ба дарвозаи  дастаи худ таслим намуд.   Дар дақиқаи 77-уми бозӣ бошад, Лионел Месси аз зарбаи ҷаримавии 11 метра  таносубро барқарор сохт. Баъд аз 3 дақиқаи дигар Криштиану Роналду бо як зарбаи дақиқи худ аз масофаи дур мадридиҳоро дубора афзалият дод.  Дар дақиқаи 82-юми вохӯрӣ боз ҳам ба Роналду баргаи зарди дуюмро довари марказӣ раво шумурд, ки бад-ин иллат ҳамлагари дастони гаразмониҳо бозибадар гардид. Вале ин ба суди “Барселона” нахурд. Чаро ки бозингари ҷавону умедбахши бошгоҳи шоҳона,  Марко Асенсио бо як зарбаи ба масал оҳангарона ба натиҷаи бозӣ нуқта гузошт. Ҳамакнун бозии ҷавобии ҳарифон 17-уми август дар варзишгоҳи муҳташами “Сантяго Бернабеу”-и шаҳри Мадрид баргузор мешавад. 

Суперҷоми Испания. Бозии аввал 

"Барселона" - "Реал" - 1:3 (0:0)

Голҳо: Пике, 50 - аг (0:1). Месси, 77 - аз пеналтӣ (1:1). Криштиану Роналду, 80 (1:2). Асенсио, 90 (1:3). 

"Барселона": тер Штеген, Алейш Видал, Юмтити, Пике, Жорди Алба, Ракитич (Пако Алкасер, 83), Бускетс, Инеста (Серхи Роберто, 68), Месси, Л.Суарес, Деулофеу (Д..Суарес, 59).

"Реал": Навас, Карвахал, Варан, Серхио Рамос, Марселу, Кроос, Каземиру, Иско, Ковачич (Асенсио, 68), Бензема (Криштиану Роналду, 58), Бэйл (Васкес, 81). 

Огоҳи шуданд: Каземиру, 20. Пике, 27. Месси, 40. Бэйл, 41. Карвахал, 41. Бускетс, 57. Навас, 76. Криштиану Роналду, 80. 

Аз майдон ронда шуд: Криштиану Роналду, 82.

Довар: Де Бургос Бенгоэчеа.

13 август. Барселона. Варзишгоҳи "Камп Ноу".

varzishtv.tj

Ҷоми байналмилалии қаҳрамонҳо. Шарҳи бозии "Реал Мадрид"

19 КОММЕНТАРИЕВ

С♥С≈რξχρση→♥← С♥С

С♥С≈რξχρση→♥← С♥С: Barsa мошшшшшшщщщщ

Абумуслими Хуросони

Абумуслими Хуросони: Барса молодец. Пике класс.

FaZlIDdIN★★★ BARSELONA

FaZlIDdIN★★★ BARSELONA: Маладес Барса реал ****

Шарипов М

Шарипов М: РЕАЛ 3 БОЗИ РУЙИ ЗАМ БОЙ ДОД БАРСЕЛЛНА 3 БОЗИ РУЙИ ХАМ БУРД

Muhammad official

Muhammad official: Счот чанд бар чанд шдак ?

★Āĥĺøŋĵøň★ ★Şĥøĥāşąŋøß ★

★Āĥĺøŋĵøň★ ★Şĥøĥāşąŋøß ★: Реал 2-3 Барс

💀في را ش ١٩٩٦ 💀١٩٩٦

💀في را ش ١٩٩٦ 💀١٩٩٦: Сами лучше команда барс

fc Real Madrid фк Истаравшан

fc Real Madrid фк Истаравшан: Мухлисои барса хурсанд Худи Лига Чемпионова буридаги боин ин бозии рафикона бачахо....

Сохибов Д

Сохибов Д: Беш аз ин 2:3 шудагишам рафикона будми?

FC BARCELONA (MSD)

FC BARCELONA (MSD): Барселона ба любой намуди бози реала мезанад иншооллох

FC BARCELONA (MSD)

FC BARCELONA (MSD): Барселона боз хам ба пеш

fc Real Madrid фк Истаравшан

fc Real Madrid фк Истаравшан: Чемпион Испания барселона шудми

Фирдавс Шарипов

Фирдавс Шарипов: Без роналдо реал не реал

💀في را ش ١٩٩٦ 💀١٩٩٦

💀في را ش ١٩٩٦ 💀١٩٩٦: БАРС УРРАААА ПОБЕДИТЕЛЬ

James Mirzoev

James Mirzoev: Я болею за реал но Реал без Хамес и Марота **** все Сука зидан урод

Сохибов Д

Сохибов Д: Не важно ки чемпион шуд все равно 2:3

B a L F o

B a L F o: Эль классико ягон вакт товарищеский намешава.... любой бозии Реал Барса важнохай

B a L F o

B a L F o: Поздравляем Барса с кубком

AMRULLOJON MESSI

AMRULLOJON MESSI: Барс лучши команда

videoclick.site


Смотрите также